Амалиёти фавриро кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ, мақомоти гумрук ва мақомоти корҳои дохилии Ӯзбекистон анҷом доданд.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, се сокини ноҳияи Тайлоқ, ки солҳои 1996, 2002 ва 2003 таваллуд шудаанд, ба харидори шартӣ пулҳои қалбакии коғазии арзишашон 100-доллариро ба маблағи умумии 7 ҳазору 400 доллар фурӯхтаанд.

Арзиши муомилот 44 миллион сӯмро ташкил додааст. Гумонбаршудагон маҳз ҳангоми супоридани пул ва пулҳои қалбакӣ боздошт шудаанд.

Дар ҷараёни санҷиш муайян гардидааст, ки ду нафари боздоштшуда қаблан суд шудаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, пулҳои қалбакӣ аз Туркия ба кишвар ворид карда шудаанд.

Аз рӯйи ин ҳодиса чорабиниҳои санҷишии пешазтафтишотӣ идома доранд. Ҳамчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян намудани шахсони дигаре, ки метавонанд ба ин фаъолияти ғайриқонунӣ даст дошта бошанд, чораҳо меандешанд.