Дар робита ба ин, нозирони муассисаи давлатии «Мониторинг ва назорати ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Тошканд» чорабиниҳои назоратӣ ва рейдиро пурзӯр кардаанд. Ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани интизом ва фарҳанги пардохти ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад.

Дар моҳи августи соли 2026 нисбат ба 10 ҳазору 843 мусофир, ки ҳаққи роҳкироро пардохт накардаанд, тибқи қисми 5-уми моддаи 144-и Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Ба ҳисоби миёна дар як рӯз тақрибан 350 чунин ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Аз 1 то 8 сентябр тибқи ҳамин модда нисбат ба 4 ҳазору 696 мусофир, ки ҳаққи роҳкироро пардохт накардаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Нишондиҳандаи миёнаи шабонарӯзӣ тақрибан 587 ҳолатро ташкил дод.

Ҳамин тариқ, дар ҳашт рӯзи аввали моҳи сентябр шумораи миёнаи шабонарӯзии протоколҳои маъмурии тартибдодашуда нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи моҳи август 237 ҳолат ё қариб 68 фоиз афзоиш ёфтааст.

Чорабиниҳои назоратӣ ва рейдӣ идома доранд.