Амалиёти фаврӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо воҳиди мубориза бо қочоқи маҷмааи махсусгардонидашудаи гумрукии «Тошканд-АЭРО» гузаронида шудааст.

Ду мард ҳангоми гирифтани фиристода аз Чин дар дафтари ширкати хадамоти хаткашонӣ дар Тошканд боздошт шуданд. Яке аз онҳо, ки соли 2000 таваллуд шудааст, сокини ноҳияи Юнусобод мебошад. Шахси дуюм соли 1998 дар вилояти Фарғона таваллуд шуда, муваққатан дар ноҳияи Чилонзор зиндагӣ мекардааст.

Ҳангоми кушодани фиристода қариб 25 кило прегабалин дар шакли хокаи сафед ошкор карда шуд. Вазни умумии моддаи мазкур 24 килову 974 граммро ташкил дод.

Нисбат ба боздоштшудагон бо қисми якуми моддаи 246-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Амалиёти тафтишотӣ идома дорад.