Ин иқдом аз 28 июл то 6 сентябр идома дошта, ҳадафи он беҳтар намудани вазъи санитарии маҳалҳои аҳолинишин, ободонии ҳудудҳо, сари вақт баровардани партовҳо ва баланд бардоштани фарҳанги экологӣ мебошад.

То имрӯз аз 8 150 маҳаллаи ҷумҳурӣ, 3 604 маҳалла пурра бо чорабиниҳои маърака фаро гирифта шудааст. Ҳар рӯз ба корҳои тозакунӣ ба ҳисоби миёна 3–4 ҳазор адад техникаи махсус ва 8–10 ҳазор нафар корманд ҷалб карда мешаванд.
Аз ҷумла, 5 август бо иштироки 2 732 техникаи махсус ва 8 996 нафар корманд, дар як шабонарӯз 18,2 ҳазор тонна партовҳои маишӣ ва 304,3 тонна партовҳои сохтмонӣ бароварда шуд.

Бо мақсади таъмин намудани фаъолияти бефосилаи техника, аз 64 нуқсони ошкоршуда, 52 адад бартараф гардида, 12 техника иваз карда шуд. Барои ҳолатҳои фавқулода 155 техникаи махсус дар захира нигоҳ дошта мешавад.
Дар доираи маърака 97 ҳолати қонунвайронкунӣ вобаста ба партовҳо ошкор гардида, ба маблағи умумии 165,4 миллион сӯм ҷарима таъин шудааст.

Дар арафаи Рӯзи истиқлолият ҷиҳати таъмини тозагӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ — бозорҳо, маҷмааҳои савдо, боғҳо ва минтақаҳои истироҳатӣ тадбирҳои иловагӣ тақвият дода шуданд. Хадамоти тозакунии санитарӣ ва ободонӣ шабонарӯзӣ фаъолият доранд.

Бо муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ якҷо барои баровардан ва интиқол додани партовҳои дар ҷараёни корҳои таъмирӣ ҷамъшуда тадбирҳо роҳандозӣ гардидаанд, то ки то оғози соли нави таҳсил муҳити тоза ва шароити мусоид таъмин карда шавад.

Шохаҳо ва боқимондаҳои дарахтон пас аз буридани санитарии дарахту буттаҳо барои компосткунӣ равона карда шуда, минбаъд барои истеҳсоли нуриҳои органикӣ истифода мешаванд. Ҳамзамон, ҷиҳати ободонии полигонҳои партов ва пешгирии сар задани сӯхтор чораҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Аз 327 муроҷиати шаҳрвандон, 275 муроҷиат дар ҷойи ҳодиса ҳал гардида, омӯзиши 52 муроҷиати дигар идома дорад.

Ҳамчунин, дар 10 рӯзи аввали маърака, ба 137 полигони партов 125 ҳазору 526 тонна партов интиқол дода шудааст. Барои ин техникаҳои махсус 39 ҳазору 130 сафар анҷом додаанд.

Корҳо дар доираи маъракаи «40 рӯзи долзарб» тибқи нақшаи тасдиқшуда идома доранд.