Тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон, дар ҳамин давра ба истеъмолкунандагон 20 млрду 163 млн кВт/соат нерӯи барқ расонида шудааст. Нисбат ба семоҳаи аввали соли 2025 нишондиҳанда 262 млн кВт/соат ё ки 1 фоиз зиёд шудааст.
Ҳамчунин дар назди Вазорати энергетика ситоди махсус барои баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон таъсис дода шудааст, ки ба баррасии саривақтии дархостҳо ва пешниҳодҳо мусоидат мекунад.