Дар
ин бора Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.
Аз
ҷумла, нерӯгоҳҳои фотоэлектрикии офтобӣ 1
миллиарду 48 миллион киловатт-соат, нерӯгоҳҳои бодӣ бошанд,
245,7 миллион
киловатт-соат
нерӯи барқ истеҳсол намуданд.
Ба
шарофати ин натиҷаҳо:
344
миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа гардид;
партоби
743 ҳазор тонна моддаҳои
зараровар ба атмосфера пешгирӣ карда шуд.
Барои
муқоиса, дар моҳи июни соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои офтобӣ
ва бодӣ 1 миллиарду 52 миллион
киловатт-соатро ташкил дода буд.
Ҳаҷми
нерӯи барқи «сабз»-и истеҳсолшуда дар моҳи июн ба ҳисоби миёна ба истеъмоли
якмоҳаи 6,5 миллион хонавода
ё ба истеъмоли солонаи 541 ҳазор
хонавода баробар мебошад.