Дар музокирот намояндагони мақомоти давлатии се кишвар,
ки барои соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва корҳои хориҷӣ масъуланд, инчунин
намояндагони дигар вазорату идораҳо ва созмонҳои манфиатдор иштирок карданд. Ҳамчун
нозир намояндагони Бонки ҷаҳонӣ низ дар музокирот ширкат доштанд, ки ба таҳияи
лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ кумаки техникӣ мерасонад.
Дар доираи даври сеюми музокирот муқаррароти асосии лоиҳаи
созишномаи байниҳукуматӣ ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, механизмҳои
татбиқ ва идоракунии муштараки лоиҳа, масъалаҳои маблағгузорӣ, тақсимоти уҳдадориҳои
ҷонибҳо, инчунин ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои минбаъда байни се давлат мавриди муҳокима
қарор гирифтанд.
Татбиқи муштараки лоиҳаи «НБО Қамбарота-1» барои рушди
минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи обу
энергетика, таъмини устувории низомҳои энергетикӣ, инчунин такмили механизмҳои
истифодаи самаранок ва мутақобилан судманди захираҳои об аҳамияти муҳим дорад.
Бояд қайд кард, ки 30 июли соли 2026 зимни музокироти
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон
Садир Жапаров ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика яке аз самтҳои стратегии ҳамкорӣ
муайян карда шуд.
Дар ин мулоқот аҳамияти ҳарчи зудтар ба имзо расонидани
созишнома оид ба лоиҳаи сохтмони НБО-и Қамбарота-1 ва гузаштан ба марҳилаи
татбиқи амалии он таъкид гардид. Ин вазифа дар доираи музокироти миёни се
кишвар ҷиҳати мувофиқа ва омодасозии амалии созишномаи байниҳукуматӣ оид ба лоиҳа
идомадошта пайваста амалӣ карда мешавад.
Барои маълумот: даври аввали музокирот оид ба лоиҳаи
созишномаи байниҳукуматӣ 31 март — 2 апрели соли 2026 дар шаҳри Бишкек, даври
дуюм 28–30 апрел дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Даври сеюм дар шаҳри
Алмаато марҳилаи навбатии музокироти пайдарпайи се кишвар барои мувофиқаи шартҳои
татбиқи муштараки лоиҳаи «НБО-и Қамбарота-1» гардид.