Тағйирот бо Қонуни № ҚҶӮ–1179, ки 28 сентябри соли 2026 қабул
гардид, ворид карда шуданд. Ҳадафи санад такмили назорат ва идоракунии давлатӣ дар
соҳаи сохтмон мебошад.
Барои
оғози корҳои сохтмонию васлкунӣ бояд аз инспексияҳои ҳудудии назорат дар соҳаи
сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ иҷозати дахлдор гирифта шавад.
Агар
сохтмони бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бидуни иҷозат пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ
такроран содир шавад, нисбат ба шахси гунаҳкор метавонад ҷазои маҳрум сохтан аз
озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол таъин карда шавад.
Ҷазои
сахттар дар ҳолатҳое пешбинӣ шудааст, ки вайрон кардани қонунгузории шаҳрсозӣ
боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардад. Барои чунин қонуншиканиҳо маҳрум
сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳафт сол муқаррар шудааст.
Қонун
пас аз гузаштани се моҳ аз рӯзи расман нашр шуданаш мавриди амал қарор мегирад.