Дар оғози суҳбат Ираклий Кобахидзе Президенти кишвари
моро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва
саодатмандӣ, инчунин ба мардуми дӯсту бародари Ӯзбекистон сулҳу шукуфоӣ орзу
намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи муносибатҳои
шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Гурҷистон мавриди баррасӣ қарор
гирифтанд.
Ба татбиқи амалии тавофуқҳое, ки дар натиҷаи сафари
давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Гурҷистон 2–3 июли соли ҷорӣ ба даст омада
буданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.