Дар ин чорабинӣ, ки дар Қасри яхии «Борис Арена» доир шуд, инчунин
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт
Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ва дигар меҳмонони олиқадри хориҷӣ иштирок карданд.
Ба
иштирокчиёни маросим Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин тавассути муроҷиати
видеоӣ таваҷҷуҳ намуд.
Дар
доираи барномаи рангини чорабинӣ самтҳои асосии мусобиқа дар шакли фиджитал, ки рақобатҳои рақамиро
бо намудҳои анъанавии варзиш ва фаъолияти воқеии ҷисмонӣ муттаҳид месозад,
муаррифӣ гардиданд. Ин формат ба ҷалби бештари ҷавонон ба варзиши анъанавӣ
мусоидат мекунад.
Сарвари
давлати мо иштирокчиёни мусобиқаи байналмилалиро хайрамақдам гуфт.
Ҳамчунин
имрӯз ҳамоиши варзиши фиджитал бо иштироки вазирони варзиш ва технология, роҳбарони
намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар шахсони воломақом баргузор гардид.
Аввалин
«Бозиҳои оянда» соли
2024 дар шаҳри Қазон баргузор шуда буд, ки дар маросими ифтитоҳи он низ
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок карда буд. Дуюмин мусобиқа соли
2025 дар шаҳри Абузабӣ баргузор гардид.
Дар
мусобиқаи имсола намояндагони Ӯзбекистон дар риштаҳои фиджитал-футбол, лазертаг ва рақс ҳунарнамоӣ мекунанд.