Дар оғози мулоқот Вазири аршад саломи самимӣ ва таманноҳои
неки Президенти Сингапур Тарман Шанмугаратнам ва Сарвазир Лоуренс Вонгро
расонд.
Рушди пайгиронаи муносибатҳои Ӯзбекистону Сингапур бо қаноатмандӣ
зикр гардид. Муколамаи сиёсӣ ва робитаҳои дуҷониба дар тамоми сатҳҳо фаъолона
дастгирӣ мешаванд.
Ҳаҷми мубодилаи мол ва шумораи корхонаҳои муштарак
босуръат афзоиш меёбанд. Ҳаҷми сармоягузориҳои Сингапур ба иқтисодиёти кишвари
мо қариб 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Нақшаҳои доираҳои соҳибкории Сингапур ҷиҳати тавсеаи
фаъолияти сармоягузорӣ дар кишвари мо дастгирӣ шуданд. Аз рӯйи таҳияи барномаи
муштараки миёнамуҳлат оид ба шарикии стратегӣ ва инноватсионӣ ба мувофиқ
расиданд, ки дар он ба тиҷорат, сармоягузорӣ, интиқоли технологияҳо, таҷдид
низоми идоракунии давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ, рақамикунонӣ ва дигар бахшҳо
афзалият хоҳанд дод.
Ба масъалаҳои ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами Сингапур
дар такмили фаъолияти минтақаҳои махсуси иқтисодии Ӯзбекистон, рушди Маркази
байналмилалии молиявии Тошканд ва низоми бонкдории рақамӣ диққати махсус дода
шуд.
Гуфта шуд, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии
Сингапур дар кишвари мо минбаъд низ дастгирӣ хоҳад ёфт.
Таъкид гардид, ки барои арзёбии рафти иҷрои созишномаҳое,
ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд ва ҳамоҳангсозии нақшаҳои муштарак, роҳандозии
муколамаи мунтазам байни сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ зарур аст.
Чанде пеш ба Конвенсияи Сингапури СММ дар бораи миёнаравӣ
пайвастани Ӯзбекистон истиқбол карда шуд.
Аз рӯйи масъалаҳои дастгирии мутақобила дар доираи созмонҳои
байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ низ мубодилаи афкор намуданд.