Ҳадафи сафар иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқот дар формати «СҲШ плюс» мебошад.

Ба рӯзномаи саммит масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи СҲШ ва такмили фаъолияти созмон ворид шудаанд. Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар натиҷаи ҷаласа ба нақша гирифта шудааст, ки Эъломияи Бишкек оид ба 25-солагии СҲШ ва бастаи ҳуҷҷатҳо оид ба тавсеаи шарикӣ дар соҳаҳои амният, иқтисод, нақлиёт, экология, зеҳни сунъӣ, табодули фарҳангиву башардӯстона ва дигар самтҳои ҳамкорӣ қабул карда шаванд.

Дар ҳошияи саммит Президент Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони ҳайатҳои хориҷӣ як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.

Дар доираи барномаи сафар роҳбари Ӯзбекистон инчунин дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои шашуми ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок хоҳад кард.