Сарвари давлати моро Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич самимона истиқбол намуд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр Горди фахрӣ саф орост. Бо садои оркестри ҳарбӣ сурудҳои миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Сербия садо доданд. Аз тӯпҳои артиллерӣ даҳ тир холӣ шуда, салюти тантанавӣ дода шуд.
Сарварони давлатҳо аз назди сафи Горди фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.

Пас аз аксбардории муштарак музокироти сатҳи олӣ оғоз гардид.