Дар ҷараёни музокирот дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва густариши ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Сарвари давлати мо таъкид намуд, ки имрӯз муносибатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ба баландтарин нуқтаи таърихии рушди худ расидаанд.

Дар чанд соли охир ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар қариб 10 баробар афзоиш ёфта, соли гузашта ба 1,2 миллиард доллар расид. Айни ҳол 450 корхонаи муштарак фаъолият дошта, Фонди рушди ҳамкорӣ барои дастгирии лоиҳаҳои кооператсионӣ бомуваффақият амал мекунад.

Миёни шаҳрҳои ду кишвар 15 хатсайри ҳавоӣ ва 5 хатсайри автобусӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар арафаи ин сафари давлатӣ ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматӣ, Шӯрои соҳибкорон, форуми соҳибкорӣ, мулоқоти ректорон, таҳлилгарон, Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон ва дигар чорабиниҳои муҳим бо натиҷаҳои самарабахш баргузор гардиданд.

Ҷонибҳо дар рафти музокирот ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои фаъол дар сатҳи парламентҳо, ҳукуматҳо, вазорату идораҳо, минтақаҳо, инчунин доираҳои соҳибкорӣ ва коршиносӣ идома дода шаванд. Ҳамзамон қарор қабул гардид, ки Шӯрои байнидавлатӣ таъсис дода шавад.

Зарурати идомаи ҳамкориҳои зич дар доираи  сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз он ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони давлатҳои туркӣ, Нишасти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ва дигар сохторҳои байналмилалӣ таъкид гардид.

Бо мақсади дар ояндаи наздик ба 2 миллиард доллар расонидани гардиши савдои дуҷониба тадбирҳои мушаххас барои зиёд намудани содироту воридоти мутақобила дар заминаи ивазкунии воридот амалӣ гардида, дар пойтахтҳои ҳар ду кишвар хонаҳои савдо ва намояндагиҳои тиҷоратӣ ифтитоҳ хоҳанд шуд.

Ба рушди кооператсияи саноатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи алоҳида дода шуд. Аз ҷумла, сухан дар бораи татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои энергетика, геология, маъданҳои муҳим, логистика, кишоварзӣ, саноати дорусозӣ, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳо меравад.

Дар доираи форуми соҳибкории баргузоршуда бастаи нави шартномаҳои тиҷоратӣ ва созишномаҳои сармоягузорӣ қабул гардид.

Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ҳамчун яке аз самтҳои стратегии муносибатҳои ду кишвар муайян шуд. Зимни мулоқот аҳамияти ҳарчи зудтар ба имзо расонидани созишнома ва оғози марҳилаи амалии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Қамбарота-1» таъкид гардид.

Инчунин рафти татбиқи лоиҳаи бузурги сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Бо мақсади таҳкими робитаҳои нақлиётӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки инфрасохтори сарҳадӣ ва логистикии тиҷоратӣ дар масири ин роҳи оҳан рушд дода шуда, расмиёти иҷозатномадиҳӣ рақамикунонӣ гардида, барои ҳамлу нақли автомобилӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Таъкид гардид, ки маҳз минтақаҳои ду кишвар муҳаррики асосии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мебошанд.

Дар ин замина қарор қабул шуд, ки то охири соли ҷорӣ Форуми якуми минтақаҳо бо иштироки ҳамаи вилоятҳо баргузор гардида, инчунин ҷадвали сафарҳои мутақобилаи онҳо тасдиқ карда шавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин барои идомаи мубодилаи фаъол дар соҳаҳои фарҳанг, ҷавонон, сайёҳӣ, маориф, илм ва варзиш изҳори омодагӣ намуданд.

Дар ҷараёни музокирот маърӯзаҳои муовинони сарвазирони ду кишвар оид ба пешниҳодҳои мушаххас дар самти густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ шунида шуданд.

Дар анҷоми мулоқот Шавкат Мирзиёев Садир Ҷапаровро даъват кард, ки дар вақти барояш муносиб ба Ӯзбекистон ташриф оварад.