Раиси
Шӯрои Федератсия сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик
гуфта, ба ӯ сиҳатии комил, саодатмандӣ ва комёбиҳои нав орзу намуд.
Бо
қаноатмандии амиқ ҳамкории самараноки парлумонҳои ду кишвар, ки ба таҳкими
шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Ӯзбекистону Русия
мусоидат мекунад, таъкид гардид.
Ҳамчунин
аҳамияти идомаи ҳамкории фаъол ҷиҳати таъмини назорати парлумонӣ аз болои иҷрои
созишҳои дар сатҳи олӣ бадастомада, пешбурди лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар
соҳаҳои кооператсияи саноатӣ, маориф ва фарҳанг таъкид гардид