Дар
оғози суҳбат раҳбари Русия роҳбари давлати моро бо зодрӯзаш аз сидқи дил
табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, хушбахтӣ, шукуфоӣ ва ба манфиати мардуми
дӯсти Ӯзбекистон самимона дастовардҳои нав орзу кард.
Масъалаҳои муҳими рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои
шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Русия дар ҷанбаи татбиқи
амалии созишҳое, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, баррасӣ шуданд.
Ба нигоҳ доштани суръати афзоиши нишондиҳандаҳои гардиши мутақобилаи
мол, пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ байни корхонаҳо ва ширкатҳои пешсаф дар самтҳои
афзалиятнок, инчунин густариши ҳамкории самараноки минтақаҳои ду давлат таваҷҷуҳи
махсус зоҳир гардид.
Мубодилаи фаъоли фарҳангӣ ва башардӯстона бо қаноатмандии
амиқ қайд карда шуд.
Ҳамчунин, роҳбарони Ӯзбекистон ва Русия ҷадвали чорабиниҳои
дарпешистодаро баррасӣ намуданд.