Дар ҳузури роҳбарони ду кишвар ҳамчунин маросими табодули санадҳои дуҷониба баргузор гардид, аз ҷумла:

– оид ба ҳаракати озод ва муҳоҷирати меҳнатӣ;

– оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирбарӣ ва боркашонӣ;

– оид ба ҳамкориҳои байни минтақаҳо;

– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии об, инчунин рушди устувори минтақаҳои деҳот;

– оид ба ҳамкорӣ ва расонидани ёрии мутақобила дар корҳои гумрукӣ;

– оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ барои оғози музокирот доир ба Созишнома оид ба тиҷорати озод;

– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда ва технологияҳои «сабз»;

– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи дорусозӣ ва биотехнология;

– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва саёҳатҳои фарҳангӣ;

– оид ба ҳамкорӣ барои дастгирии Долони миёна;

– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтори роҳи оҳан;

– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи дипломатияи иқтисодӣ;

– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кинематография ва истеҳсоли муштараки филмҳо;

– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026–2028;

– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатӣ;

– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият ва дастгирии мақоми онҳо дар ҷомеа;

– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

– оид ба ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, ҳукумати электронӣ ва истифодаи технологияҳои муосир;

– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

– оид ба барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ байни вилояти Самарқанд ва кишвари мухтори Воеводина.