Президенти Ӯзбекистон ҳайати Туркияро пазируфт

    Ҳукумат 28 Iyun 2021 5552

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 июн ноиби президенти Ҷумҳурии Туркия Фуат Октайро, ки бо сафари корӣ дар мамлакати мо қарор дорад, пазируфт.

    Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва пешбурди лоиҳаҳои нави кооператсияи корхонаҳо ва ширкатҳои пешрафтаи ду кишвар муҳокима шуданд.

    Сарвари давлати мо ба сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстӣ, эътимод ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Туркия, ки тавассути муколамаи мунтазам ва самарабахш дар сатҳи олӣ ба даст оварда шудаанд, баҳои баланд дод.

    Дар навбати худ ноиби президент Фуат Октай ба пешвои Ӯзбекистон барои пазироии самимона ташаккур гуфта, саломи самимӣ ва орзуҳои беҳтаринро аз номи Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған расонид. Барои дастгирии бузург ба фаъолияти ширкатҳо ва сармоягузорони Туркия дар кишвари мо миннатдории махсус изҳор карда шуд.

    Дар вохӯрӣ динамикаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва чорабиниҳои оид ба рафъи оқибатҳои пандемия андешидашуда қайд карда шуданд.

    Аз ҷумла, аз аввали сол мубодила ва робитаҳо дар сатҳҳои гуногун шиддат гирифтанд, ҳаҷми савдои тарафайн ва шумораи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бемайлон меафзоянд. Аз натиҷаҳои чорабиниҳое, ки имрӯз Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва барномаи соҳибкорӣ бо иштироки намояндагони бизнес баргузор карданд, изҳори қаноатмандӣ изҳор гардид.

    Аҳамияти омодагии ҳамаҷонибаи рӯзномаи ҷамъомади дуюми Шӯрои ҳамкориҳои стратегӣ дар Тошканд таъкид гардид. Пеш аз ҳама, сухан дар бораи афзоиши савдо ва миқёси ҳамкорӣ, қабули Созишнома дар бораи савдои имтиёзнок, ташкили минтақаи муштараки саноатӣ, пешбурди барномаҳо дар соҳаи рақамисозӣ, маориф ва иқтисодиёт бо ҷалби фаъоли таҷриба, дониш ва технологияи пешрафтаи Туркия дигар соҳаҳо меравад.

    Инчунин онҳо оид ба ҷанбаҳои мубрами шарикии минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates