Зани 105-солаи амрикоӣ рекорди ҷаҳонии давиданро гузошт

    Варзиш 15 Noyabr 2021 647

    Ҷулия Ҳокинси амрикоӣ, мулаққаб ба "Тӯфон" дар давидан ба масофаи 100 метр дар гурӯҳи синну солаш рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Зан дар синни 105-солагӣ масофаро дар зарфи 1 дақиқаю 2,95 сония тай кард. Дар ин бобат "USA Today" хабар дод.

    Рӯзи 6 ноябр дар Луизиана мусобиқаҳо баргузор шуданд, менависад "Lenta.ru".

    Варзишгар ба рӯзнома гуфт: "Ҳар қадар калонсолтар шавӣ, ҳамон қадар андармониҳои бештар дошта бошӣ... Фаъол мондан яке аз хоббии асосии ман аст".

    Мусобиқа дар назди хонаи кӯдакии Ҳокинс дар Пончатаул баргузор шуд, ки вай дар мактаби миёна низ дар он ҷо дарс медод. Баъзе аз шогирдони собиқи ӯ барои шод кардани иштирокчии пиронсол омаданд. Занро барои ширкат дар Бозиҳои миллӣ дар Форт-Лодердейл, ки моҳи майи соли 2022 баргузор мешавад, даъват карданд. "Тӯфон" ҳанӯз посухи дақиқ надодааст.

    Ҳокинс дар давидан дар 100-солагӣ ба рақобат шурӯъ кард. Пеш аз ин, вай ба велосипедронӣ машғул буд.

    Дар соли 2017 вай дар байни гурӯҳи синнусолии 100-104 масофаи 100 метрро дар 40,12 сония тай карда, рекорди ҷаҳонӣ гузошта буд. Вай соли 2019 масофаи 100 метрро дар 46,07 сония тай карда буд. Тавре ки амрикоӣ эътироф кард, вай ҳар рӯз намедавад, аммо мекӯшад, ки фаъол бошад ва ҳар рӯз тақрибан як милро (1,6 километр) тай кунад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates