15 рӯз бидуни қайд: Протокол дар бораи низоми бидуни раводид миёни Ӯзбекистон ва Озарбойҷон эътибор пайдо кард

    Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон дар бораи эътибор пайдо кардани Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи сафари бидуни раводиди шаҳрвандон хабар дод.

    Ин протокол 22 августи соли 2023 дар Боку ба имзо расида, аз 15 январи соли 2024 эътибор пайдо кард, гуфта мешавад дар изҳорот.

    Ҳуҷҷат тартиби нави даромад ва баромад, ҳаракати тронзитӣ ва будубош дар ҳудуди Ӯзбекистон ва Озарбойҷонро дар тӯли 15 рӯз бидуни расмӣ гардондани рухсатнома ва қайди муваққатӣ дар мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ муқаррар менамояд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates