Лоиҳа аз ҷониби Вазорати энергетика, Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ ва Агентии рушди шарикии давлатию хусусӣ бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ амалӣ карда мешавад.
Лойиҳа сохтмони се неругоҳи офтобии фотоэлектрикиро бо иқтидори умумии то 500 МВТ дар вилоятҳои Намангон, Бухоро ва Хоразм пешбинӣ менамояд.
Раванди тендер мувофиқи стандартҳои баландтарини байналмилалӣ ва талаботи ошкорбаёнӣ ва шаффофият сурат мегирад. Дархост барои тахассус дар дастрасии кушод бо мақсади фароҳам овардани шароит барои иштироки хоҳишмандон дар тендер пешниҳод карда шуд.
Комиссияи тендерӣ пас аз қабули дархостҳо аз иштирокчиёни тендер пуррагӣ ва мувофиқати дархостҳои қабулшударо арзёбӣ мекунад, пас аз он “рӯйхати кӯтоҳ”-и иштирокчиёни соҳибихтисос эълон карда мешавад, ки онҳо минбаъд ба марҳилаи дуюми тендер (Дархост барои пешниҳод - RFP) роҳ дода мешаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати энергетика.