Барои иштирок дар форуми тиҷоратӣ ташрифи беш аз 60 нафар роҳбарони ширкатҳои бузург ва бонуфузи Эрон таҳти сарварии Президенти Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон Самад Ҳасанзода ба Ӯзбекистон дар назар аст.
Ҳайати Эрон баробари иштирок дар форуми тиҷоратӣ тасмим гирифтааст, ки дар як қатор вазорату идораҳои кишвари мо дидору гуфтугӯҳо анҷом диҳад ва аз минтақаҳои озоди саноатии иқтисодӣ боздид кунад.
Дар доираи чорабинӣ лоиҳаҳои истиқболдор дар соҳаҳои саноат, инноватсия, кишоварзӣ ва хоҷагии об, хӯрокворӣ, моҳипарварӣ, масолеҳи сохтмонӣ, доруворӣ ва фармасевтика, нассоҷӣ, логистика ва мошинсозӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Инчунин, дар идомаи форум миёни намояндагони доираҳои тиҷоратии Эрон ва соҳибкорони вилояти Хоразм ва шаҳри Тошканд вохӯриҳо дар формати В2В баргузор мешаванд.