Тибқи фармоиши ҳукумат моҳи август дар кишвар моҳи ободонӣ ва тозагии маҳаллаҳо эълон карда шуд. Дар доираи ин моҳ, 21 август ҳашари умумихалқии хайрия баргузор мешавад.
Дар рафти ин чорабинӣ ободу тоза кардани кӯчаҳо, гирду атрофи хонаҳои бисёрошёна ва хусусӣ, хиёбонҳо, зиёратгоҳҳо, майдончаҳои бозӣ, роҳҳо, пиёдагардҳо, каналҳои обёрӣ ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад "Uzreport".
Дар ҳамаи маҳаллаҳо ва мавзеъҳои аҳолинишин шинонидани гул, дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ, дар ҷойҳои холӣ бунёд кардани минтақаҳои сабз, сафед кардану шакл додани дарахтҳо пешбинӣ шудааст.