Барои назорат кардани сарфи маблағ чораҳо муайян шуданд

    Ҳукумат 17 Oktabr 2022 6495

    17 октябр дар назди Президент Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои назорати сарфи маблағ, ки барои инфрасохтори маҳаллаҳо ҷудо карда мешаванд, ҷамъомад баргузор гардид.

    Ба қарибӣ, 11 октябр, таҳти раёсати сарвари давлат бинобар дар маҳаллаҳо ҳал намудани масъалаҳое, ки боиси ташвиши аҳолӣ мегарданд, ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад, ки дар рафти он чораҳои нави ба таъмини манфиатҳои халқ нигарондашуда, ки дар ҷомеа акси садои мусбат пайдо кардаанд, муайян шуданд. Ҳамин тариқ, қарор шуд, ки дар ду моҳи соли ҷорӣ барои беҳбуди инфрасохтори 5 584 маҳалла 2,7 триллион сӯм ҷудо карда шавад. Ҳаҷми маблағгузорӣ барои таъмири роҳҳои дохилӣ 2,2 баробар зиёд карда мешавад. Барои лоиҳаҳо дар 1,5 ҳазор маҳалла дар доираи “Буҷаи ташаббускор” 1,3 триллион сӯм ҷудо карда хоҳад шуд. Соли оянда қарор дода шуд, ки ба лоиҳаҳои “Буҷаи ташаббускор” 8 триллион сӯм ҷудо карда шавад.

    Дар ҷаласаи имрӯза масъалаҳои истифодаи самаранок ва назорати ин маблағҳо баррасӣ шуданд.

    —Соли оянда мо ба низоми нави ташаккул ва татбиқи барномаҳои «Обод маҳалла», «Обод қишлоқ», сохтмони роҳ ва дигар барномаҳои давлатии сармоягузорӣ мегузарем, — гуфт роҳбари давлат. — Ин барномаю хароҷот танҳо ба лоиҳаҳое равона карда мешавад, ки худи аҳолӣ ба онҳо овоз додааст. Ва прокурорҳо бояд тавассути назорат максаднок истифода бурдани ҳар як маблағи ҷудошударо таъмин намоянд.

    Дар ҷамъомад Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҷорӣ намудани низоми нави назорати иҷрои барномаҳои давлатӣ, чораҳое, ки онҳо барои пешгирии дуздиву ҳуқуқвайронкуниҳо ва низоми шаффофи сохтмон андешида мешаванд, маълумот дод.

    Президент дастур дод, ки иштироки шаҳрвандон дар назорати ҷараёни сохтмон вусъат дода, раисони маҳаллаҳо ба ҳайати комиссияҳои қабули иншоот шомил карда шаванд.

    Қарор дода шуд, ки аз 1 январи соли оянда ба объектҳои сохтмони ба маблағи зиёда аз 10 миллиард сӯм мутахассисони хориҷии назорати техникӣ ҷалб карда шуда, ҳуҷҷатҳои лоиҳавии объектҳои давлатӣ дар асоси платформаи «Таснифи захираҳои сохтмон» тартиб дода шаванд.

    Ин платформа принципи ягонаи нархгузории масолеҳи бинокориро таъмин мекунад.

    Ба зиммаи Агентии мубориза бо коррупсия вазифа гузошта шудааст, ки таблиғи иттилоот дар бораи лоиҳаҳо, пудратчиён ва сохтмонҳоро таъмин намояд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates