Дар ин бора хидмати матбуоти Ассотсиатсияи маҳаллаҳои Ўзбекистон хабар дод.
Дар доираи ҳашар корҳо оид ба ободонии маҳаллаҳо, мавзеъҳои истиқоматӣ, хиёбонҳо, зиёратгоҳҳо, қабристонҳо ва майдончаҳои бачагона, чорабиниҳои кабудизоркунӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи миллии "Макони сабз" ва баланд бардоштани тарзи ҳаёти солим ва маданияти санитарию гигиении аҳолӣ анҷом дода мешаванд.
Илова бар ин, дар ин рӯзҳо ба аҳолии ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ кумакҳои гуногун расонида мешавад.