Бино ба иттилои дафтари матбуотии Бунёди рушди фарҳанг ва санъат, дар ин ҷашнвора 22 консерт баргузор мешавад, ки бархе аз онҳо ройгон хоҳанд буд.
Ситораҳои ҷаз – Григорий Портер, Таке 6, Эл Ди Миола, Игор Бутман ва оркестри ҷазии Маскав дар саҳнаи Қасри анҷуманҳои байналмилалии «Ӯзбекистон» ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар майдони кушоди назди бинои Қасри форумҳои байналхалқӣ консертҳои бепули артистон, монанди De-Phazz, Ги Манукян, Тони Момрелла, Адам Бен Эзра ва дигарон барпо мегарданд.









