Дар ин бора дар брифинг дар АИКО роҳбари хидмати иттилоотии Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон Ғулом Мирзоев хабар дод:
Инчунин оид ба ташкили муаррифии таҷрибаи пешқадам ва равишҳои навоварона дар ин самт, такмили низоми маориф дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ тавсияҳо таҳия карда мешаванд.
Ин ҳамоиши бонуфуз таҳти сарпарастии СММ дар шакли гибридӣ баргузор мешавад. Дар он иштироки мутахассисони соҳаи маорифи ҳуқуқи инсон аз кишварҳои гуногун, коршиносони хориҷӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ – дар маҷмӯъ беш аз 120 меҳмони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.