Абдулла Арипов сарвазири нави Қазоқистон Алихан Смаиловро бо таъин шуданаш ба вазифа табрик кард

    Сарвазирони Ўзбекистон Абдулла Арипов ва Қазоқистон Алихан Смаилов мулоқоти телефонӣ анҷом доданд.

    Абдулла Арипов ҳамкасбашро бо таъин шуданаш ба вазифаи сарвазири Қазоқистон табрик кард. Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ дар шаклҳои дуҷониба ва бисёрҷониба изҳор намуданд.

    «Ҳукумати Қазоқистон ба таҳкими шарикии стратегӣ бо Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон содиқ мемонад. Мо азму иродаи қавӣ дорем, ки созишномаҳои аз ин пеш ҳосилшударо ба амал барорем. Боварӣ дорам, ки нақшаҳои пешбинишуда дар чаҳорчӯби рӯзномаи дуҷонибаи ҳамкориҳо бо талошҳои муштарак амалӣ хоҳанд шуд», - гуфт А.Смаилов.

    Ӯзбекистон яке аз шарикони бузурги тиҷоратии Қазоқистон аст. Тақрибан 70 фоизи тамоми савдои минтақавии Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон рост меояд. Ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба дар 10 моҳи соли 2021 3 миллиарду 260 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020 30 фоиз зиёд мебошад. То охири соли 2021 Ӯзбекистон метавонад ба панҷгонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Қазоқистон ворид шавад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates