Сарвари давлати мо аҳаммияти бузурги таърихии сафари Сарвазири Ҳиндустон
ба Ӯзбекистонро махсус таъкид намуд.
Роҳбари Ӯзбекистон қайд кард, ки музокироти судманд боз як зуҳури
равшани дӯстии самимӣ, эҳтироми баланди мутақобила ва эътимоди байни ду кишвар
гардид.
Таъкид гардид, ки Ҳиндустон шарики боэътимод ва ояндадори стратегӣ
буда, дар арсаи ҷаҳонӣ дорои нуфуз ва эътибори баланд мебошад. Ба дастовардҳои
назарраси Ҳиндустон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, таъминоти барномавӣ ва
стартапҳо баҳои баланд дода шуданд.
Дар ин робита, ба сафари мазкур омодагии ҷиддӣ гирифта шуда, бастаи муҳими
ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла Изҳороти муштарак қабул ва як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ
ба имзо расонида шуданд.
Бо қаноатмандии зиёд таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи
шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расиданд.
Ба масъалаҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир карда шуд. Соли гузашта ҳаҷми
тиҷорати мутақобила 33 фоиз афзоиш ёфта, ба 1,3 миллиард доллар расид. Ҳадаф
гузошта шудааст, ки то соли 2030 ин нишондиҳанда ба 5 миллиард доллар расонида
шавад.
Дар доираи сафари мазкур маҷмӯи лоиҳаҳои муҳими муштараки сармоягузорӣ
ташаккул дода шуд. Бо як қатор ширкатҳои бузурги Ҳиндустон созишҳои мушаххас ба
даст омаданд.
Дар ҷараёни музокирот самтҳои нави рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои
энергетика, маъданҳои муҳими стратегӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, электроника,
мошинсозӣ, саноати заргарӣ ва кишоварзӣ муайян гардиданд.
Муҳимияти идомаи дастгирии мутақобила дар майдонҳои байналмилалӣ ва
минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории
Шанхай, Ҷунбиши кишварҳои ҳамроҳ нашудан ба блокҳо, БРИКС, инчунин дар заминаи ҳамкорӣ
бо кишварҳои Ҷануби Ҷаҳонӣ таъкид гардид.
Зимни баррасии робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона махсус қайд гардид,
ки дар кишвари мо 4 муассисаи таҳсилоти олии Ҳиндустон, ҳамчунин
марказҳои ба номи Лал Баҳодур Шастрӣ ва Маҳатма Гандӣ бомуваффақият фаъолият
мекунанд. Таъкид гардид, ки тартиби 30-рӯзаи бидуни раводид ва ҳафтае анҷом додв
шудани 14 парвози ҳавоӣ ба рушди минбаъдаи сайёҳӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар анҷоми суханронии
худ Сарвари давлат таъкид намуд, ки барои таъмини иҷрои пурраи тавофуқҳои
бадастомада «Харитаи роҳ»-и ҳамаҷониба таҳия карда мешавад ва ба ҳамтои ҳиндӣ
ва ҳамаи иштирокчиён изҳори сипос намуд.