Фоҷиа 4 сентябр, шомгоҳ дар роҳе, ки аз шаҳри Элла мегузарад, рух додааст. Автобус аз шоҳроҳ берун рафта, тахминан ба дарае бо чуқурии 150 метр сарозер шудааст.
Тибқи маълумоти полис, дар автобус ронанда ва 30 мусофир қарор доштаанд. Дар байни ҳалокшудагон аъзои шӯрои шаҳрии шаҳри курортии Тангале, ки аз сафар дар ҷазира бармегаштанд, низ ҳастанд.
Сабабҳои рух додани ҳодиса омӯхта мешавад, хабар дод tass.ru.








