Ҳадафи аслии меморандум ҷалби ширкати моҳвораии бритониёии OneWeb ба бозори Ӯзбекистон аст. Меморандум як қатор чорабиниҳоро вобаста ба ҳамкорӣ дар самти дастрасӣ ба системаи алоқаи моҳвораии OneWeb ба бозори Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла баррасии масъалаҳои танзим ва муайян кардани ниёзҳои асосии давлат дар самти афзалиятноки истифодаи иқтидори моҳвораи OneWeb пешбинӣ менамояд.
Дар доираи меморандум «Ӯзбеккосмос» ва «OneWeb» ба мувофиқа расиданд, ки маркази экспертиза оид ба истифодаи системаи инноватсионии телекоммуникатсияи моҳвораии пасторбитаи OneWeb бо таъхири пасти сигнал ва гузариши баландро таъсис диҳанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати таҳияи масъалаҳои ҷорӣ намудани интернети баландсуръати фарохмаҷро тавассути моҳвораҳои алоқаи OneWeb ба маҳаллаҳои дурдаст ва душворгузари деҳот, инчунин корхонаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт саъю кӯшиши заруриро ба харҷ диҳанд.
Сардиректори "Ўзбеккосмос" Шуҳрат Қодиров таъкид намуд, ки имзои меморандиум бо OneWeb дар соҳаи рушди соҳаи равобити кайҳонӣ воқеаи муҳим мебошад, инчунин дастрасии сервисҳои телекоммуникатсионии OneWeb дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкони м едиҳад, ки вазифаҳои дар барномаҳои давлатии рушди технологияҳои иттилоотиро таъмин намуда, дастрасии хадамоти инноватсионии алоқаро ҳатто дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ таъмин менамояд.