Оид ба таъмини некуаҳволии аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ чораҳои муҳим муайян шуданд

    Ҳукумат 15 Aprel 2022 5372

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 15 апрел оид ба таъмини устувории нарх дар бозорҳо аз ҳисоби зиёд гардондани маҳсулоти озуқаворӣ ва фароҳам овардани шароити иловагӣ ба соҳибкорӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

    Тавре маълум аст, бинобар вазъи кунунии ҷаҳон нархи маводи ғизоӣ боло меравад. Дар чунин шароит барои таъмини устувории нарх истеҳсоли маҳсулоти озуқавориро зиёд кардан лозим аст.

    Аз ин лиҳоз, кишварамон дар назди худ вазифа гузоштааст, ки имсол 7 миллиону 700 ҳазор тонна гандум, 23 миллион тонна меваю сабзавот ҷамъоварӣ намуда, интиқоли бефосилаи маҳсулот ба бозори дохилӣ таъмин карда шавад.

    Дар ҷамъомад тадбирҳои дахлдор муҳокима карда шуданд.

    Қайд карда шуд, ки дар навбати аввал бояд аз беш аз 300 ҳазор гектар замин, ки фонди заминро пурра кардааст, самаранок истифода бурд. Аз ин 80 ҳазор гектараш заминҳое мебошанд, ки баъди кам кардани майдони пахта ва ғалладона озод шудаанд. Онҳо дар асоси озмуни кушод ба 254 ҳазор кас дода шуданд. Ин чунин маъно дорад, ки дар ҳар як ноҳия 500 гектар замини корам пайдо шудааст.

    Сарвари давлат бо таъкид бар ин, ки мушкилтарин вазифаи кишоварзон дарёфти тухмии хушсифат ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти он аст, ба Вазорати кишоварзӣ ва ҳокимони вилоятҳо дастур дод, ки бо тухмӣ ва ниҳолҳои серҳосил, харидории кафолатноки маҳсулот таъмин карда шаванд. Ба Агентии оид ба рушди боғдорӣ ва хоҷагии гармхона иловагӣ 300 миллиард сӯм аз Фонди кишоварзӣ ҷудо карда хоҳад шуд.

    Захираи дигари руёндани зироатҳои озуқаворӣ истифода бурдани зиёда аз 100 ҳазор гектар замини атрофи обанборҳо мебошад. Барои бунёди шабакаҳои обёрӣ дар ин минтақаҳо, ҷалби соҳибкорон ва кишти зироатҳои дахлдор тадбирҳо муайян карда шуданд.

    Қайд карда шуд, ки барқарорсозии 135 ҳазор гектар замини аз муомилот барканоршуда имкони иловагии парвариши маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

    Имрӯзҳо аҳолӣ дар ихтиёри худ 380 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ дорад. Дар ин заминҳо парвариши меваю сабзавот на танҳо ободии хонаҳоро таъмин мекунад, балки манбаи фаровон шудани бозор мегардад. Барои ин низоми маблағгузорӣ фароҳам оварда шуд: 21 феврали соли равон Девони Вазирон дар бораи хариди кафолатноки маҳсулоте, ки дар хонадон рӯёнда шудаанд, қарор қабул кард.

    Ба Шӯрои хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ супурда шуд, ки бо иштироки деҳконони пуртаҷриба ба аҳолӣ таълим дода, дар рӯёндани зироати серхаридор мусоидат намояд.

    Соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ метавонанд бо нарасидани об барои обёрӣ рӯ ба рӯ шаванд. Аз ин рӯ, Вазорати хоҷагии об вазифадор карда шуд, ки барои тоза кардани каналу заҳбурҳои маҳаллаҳо, кофтани чоҳҳо ва гузоштани насосҳо дар ҷойҳои дар таъминоти об мушкилидошта, бо оби обёрӣ таъмин намудани аҳолӣ чораҳо андешад. Қайд карда шуд, ки барои ин мақсадҳо аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 50 миллиард сӯм ва аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ 50 миллиард сӯми дигар чудо карда мешавад.

    Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки барои рафъи оқибатҳои камбуди об барномаи махсус қабул шавад. Чунончи, то 1 октябр 4,5 ҳазор километр шабакаҳои обёрикунӣ тоза ва 231 километр бетонпӯш, 3 ҳазор иншооти гидротехникӣ таъмир карда, зиёда аз 3 ҳазор насос гузошта, 281 чоҳ канда мешавад.

    Масъалаҳои таъминоти молиявии соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Барои истифода ба бонкҳои тиҷоратӣ дар соли 2022-ум 2 триллион сӯм қарзҳои имтиёзнок дода шуданд. Аммо то имрӯз аз дархостҳои ба бонкҳои тиҷоратӣ ба маблағи 790 миллиард сӯм воридшуда танҳо 53 фоизаш ва дар баъзе минтақаҳо 25-30 фоизаш маблағгузорӣ шудааст. Кори бонкҳо дар ин самт мавриди танқид қарор гирифта, дастурҳои иловагӣ дода шуд.

    Ба чораҳои зиёд кардани истеҳсоли ғалла ва ашёи хоми равғани растанӣ диққати махсус дода шуд. Пешниҳод шуд, ки имтиёзҳои гумрукӣ ва озодкунӣ аз андози арзиши иловашуда барои воридоти офтобпараст, лубиё ва дигар зироатҳои равгандори аз хориҷи кишвар овардашаванда пешбинӣ карда шавад.

    Масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа дастгирии минбаъдаи соҳибкорӣ буд.

    Зимнан зикр гардид, ки вақтҳои охир фаъолияти соҳибкорӣ дар баъзе минтақаҳо коҳиш ёфта, соҳибкорон бо мушкилоти қарзӣ, андоз ва инфрасохтор мувоҷеҳ шудаанд.

    Аз ин рӯ, Сарвари давлат як қатор ташаббусҳоеро ба миён гузошт, ки ба ҳавасмандгардонӣ ва мусоидат ба соҳибкорон нигаронида шудаанд.

    Супориш дода шуд, ки ба Хазинаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда, самараи кумаки молиявӣ зиёд карда шавад.

    Дар соҳаи хидматрасонӣ аз ҷониби Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба маблағи то 5 миллиард сӯм қарз дода мешавад. Дар баробари ин, ставкаи қарз бо назардошти ҷуброн аз Фонди соҳибкорӣ аз 18 фоиз зиёд нахоҳад буд.

    Ҳамзамон, барои маблағгузории лоиҳаҳои тиҷорати хурду миёна дар минтақаҳо 300 миллион доллар ихтисос дода мешавад. Маблағҳои мазкур бо пули миллӣ бо қурби 10 фоиз ба муҳлати 7 сол дар бонкҳое, ки барои соҳибкорон шароити беҳтаринро фароҳам овардаанд, ҷойгир карда мешаванд. Дар ҳамин ҳол, ставкаи қарзе, ки ба соҳибкор дода мешавад, аз 14 фоиз зиёд нахоҳад буд.

    Мушкилоти корхонаҳои содиркунанда таҳлил гардида, имконоти иловагӣ ифшо гардиданд. Механизми соддаи бозгардондани андоз барои арзиши изофа татбиқ гардида, 80 фоизи маблағ дар зарфи 7 рӯз бидуни санҷиши иловагӣ бозгардонда мешавад.

    Низоми нави омӯзиши доимӣ ва ҳалли зудтари масъалаҳои содиргарон эълон гардид. Барои ин штабҳои доимоамалкунанда ва колл-марказ бо рақами «1049» ба вуҷуд оварда мешавад. Шахсони масъул бо содиркунандагон муттасил вохӯрда, мушкилоти онҳоро дар ҷояш ҳал мекунанд.

    Ба ауксион гузоштани қитъаҳои замин барои ҷорӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ масъалаи муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар назди Девони Вазирон гурӯҳи корӣ ба вуҷуд оварда шудааст, ки корро дар бобати муайян намудани қитъаҳои озод дар басти маҳаллаҳо, ташаккули лоиҳаҳо бо ҷалби ташкилотҳои касбӣ, фурӯши қитъаҳои замин ҳамоҳанг менамояд.

    Президент вазифа гузошт, ки аз 1 июни соли 2022 низоми маъмурии андоз ва санҷиши соҳибкорон содда карда мешавад.

    Пеш аз ҳама, бинобар ба низоми пардохти андоз барои мулк ба принсипҳои бозор гузаштан, тартиби татбиқи механизми мутаассири андоз (ставкаҳои иловагии андози зиёд) оид ба бесамар истифода шудани объектҳо бекор карда мешавад.

    Ғайр аз ин, ба соҳибкороне, ки гардиши маблағашон беш аз 1 миллиард сӯмро ташкил менамояд, ба таври автоматӣ гувоҳномаи пардозандаи андоз барои арзиши изофа бидуни санҷиши пешакӣ дода мешавад.

    Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ санҷиши соҳибкорон афзудааст. Барои бартараф намудани дахолати беасос муқаррар гардид, ки аз ин баъд боз 22 намуди санҷиш метавонад фақат бо иҷозаи Бизнес-омбудсмен ба амал оварда шавад.

    Инчунин ногузирии минбаъд содда намудани талаботи иҷозатдиҳанда таъкид шуд. Вазифа гузошта шуд, ки талаботи санитарӣ нисбат ба корхонаҳои озуқавории ҷамъиятӣ таҷдиди назар гардида, талаботи куҳна барҳам дода, барои хидмати расондадиҳӣ имтиёзот ҷорӣ гардад.

    Дар поёни ҷамъомад роҳбари давлат эътибори ҷамъиятро ба масъалаи оқилона истифода намудани маблағ ҷалб намуд.

    – Ҳоло барои соҳибкорӣ маблағи зиёди кредит – 500 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Чаро? Чунки, чи қадаре ки ин душвор набошад, дар вазъияти мураккаби имрӯз мо бояд дар бораи фаровонии халқамон, инкишофи суботноки давлатамон фикр кунем. Ҳар як доллар, ҳар як сӯм, ки аз буҷет ё аз бонк ҷудо карда мешавад, ин пули халқ аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар бобати фақат ба лоиҳаҳое равона намудани маблағ супориши ҷиддӣ дода шуд, ки онҳо худкифоӣ мекунанд, даромади аҳолиро меафзоянд, ҷойҳои кор ба вуҷуд меоранд.

    Аз рӯи масъалаҳое, ки дар маҷлиси видеоселекторӣ муҳокима гардиданд, ҳокимон нақшаҳои аниқи худро дар асоси «харитаҳои роҳ» пешниҳод намуданд.

    No date selected
    August 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates