Сарвари давлат дар шаҳри Вашингтон дар ҷамъомади нахустини Шӯрои сулҳ суханронӣ карда, назари худро оид ба барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии навори Ғазза ва таъмини сулҳу субот дар минтақа баён намуд.
Ҳамчунин, Президенти Ӯзбекистон бо вазири савдои ИМА Ҳовард Латник, намояндаи тиҷоратии ИМА Ҷеймисон Грир, Президент ва раиси «Эксимбонк» Ҷон Йованович ва директори иҷроияи Корпоратсияи байналмилалии рушди молиявӣ Бэн Блэк мулоқотҳои алоҳида анҷом дод.
Дар доираи барномаи тиҷоратии сафар сарвари кишвари мо дар маросими имзои як қатор санадҳои дуҷониба ва муаррифии лоиҳаҳои муштарак иштирок кард. Дар ин чорабинӣ намояндагони воломақоми ҳукумати ИМА, ширкатҳои бузург ва муассисаҳои молиявӣ, инчунин роҳбарони минтақаҳои Ӯзбекистон тавассути видеоконфронс ширкат варзиданд.
Пас аз анҷоми чорабиниҳои сафар, Президент Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Тошканд баргашт. Дар фурудгоҳ роҳбари давлат ва ҳамсарашро раиси Палатаи савдои ИМА–Ӯзбекистон Кэролин Лемм ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.