Намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ дар мулоқот бо раҳбарияти ширкати «Uzbekistan Airports» нияти рушди шабакаи хатсайрҳо дар минтақа ва афзоиши шумори парвозҳоро изҳор намуданд. Дар навбати худ, ширкати идоракунанда эълон кард, ки омода аст дастгирии ширкати ҳавопаймоиро идома диҳад.
Барои маълумот: Batik Air ширкати ҳавопаймоии Индонезия бо қароргоҳаш дар Ҷакарта буда, дар дохили Индонезия парвозҳои мунтазами ҳавоии мусофиронро пешкаш мекунад. Он ширкати фаръии ҳавопаймоии Lion Air мебошад.