Ба нақша гирифта шудааст, ки парвози ҳавоӣ дар масири "Новосибирск - Фарғона - Новосибирск" тавассути ҳавопаймоҳои навъи Airbus A320 ҳафтае як маротиба - рӯзҳои душанбе анҷом дода шавад.
Имрӯз ширкати ҳавопаймоии S7 Airlines ба фурудгоҳҳои байналмилалии Тошканд, Самарқанд ва Урганч парвозҳоро бомуваффақият анҷом медиҳад.
Барои маълумот: S7 Airlines як ширкати ҳавопаймоии Русия буда, қароргоҳаш дар Новосибирск мебошад. Бузургтарин ширкати ҳавопаймоии хусусии Русия аст, ки беш аз 180 шаҳри 26 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад.