Ҳавопаймои A321LR, ки рақами сабти номи UK32101-ро гирифтааст, аз Гамбург (Олмон), ки яке аз корхонаҳои васлкунии Airbus ҷойгир аст, дар тӯли 5 соату 30 дақиқа парвози мустақимро анҷом дод. Онро экипажи “Uzbekistan Аirways” -- Дилявер Карабаш ва Шоҳрух Раҳимов идора кард.
Ширкати ҳавопаймоии ҶС “Uzbekistan Аirways” аввалин оператори маҳсулоти масофаи дури Airbus дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Ҳавопаймои аввал барои 188 мусофир (16 нишаст дар бизнес-класс, 172 нишаст дар класси эконом) пешбинӣ шудааст ва бо муҳаррикҳои CFM International LEAP-1A муҷаҳҳаз шудааст. Ширкат ба нақша гирифтааст, ки аввалин A321LR-и худро дар хатсайрҳои минтақавӣ ва дарозмуддат истифода намояд.
Ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Airbus дар соли 1993 оғоз ёфт, ки ШМА “Ӯзбекистон ҳаво йуллари” ҳозира ҶС “Uzbekistan Аirways” дар минтақа аввалин ширкати ҳавопаймоие гардид, ки бо саройи замонавии ҳавопаймоҳои истеҳсоли ғарб аз А310 сар карда, ба давраи нав ворид шуд. Ширкати ҳавопаймоии “Uzbekistan Аirways” ҳамеша бо корхонаҳои авиатсионӣ робитаҳои зич дошт ва дар солҳои минбаъда барои самолётҳои Airbus A310 ва дигар намудҳо имконоти хидматрасонии худро инкишоф дод. Омили дуввуми муҳими ин муваффақият интихоби A320CEO мебошад, ки соли 2010 ба хидмат ворид шудааст ва сипас A320NEO, ки дар соли 2019 ба парки ҳавопаймоӣ ҳамроҳ шуд.
«Дар нақшаҳои наздиктарини ширкати ҳавопаймоӣ корҳои фаъол оид ба тавсеаи ҷуғрофиёи парвозҳо ба кишварҳои хориҷи наздик ва дур, инчунин зиёд намудани парк аз ҳисоби харидории ҳавопаймоҳои нави бароҳат иборат аст. Мисоли равшани ин фармоиши панҷ ҳавопаймои Airbus аст, ки то охири соли ҷорӣ дастрас карда мешавад», - гуфт Илҳом Маҳкамов, раиси раёсати ҶС “Uzbekistan Аirways”.
Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён, намояндагони ВАО тавонистанд бо имконоти техникии ҳавопаймои нави муосири Airbus A321LR шинос шаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати нақлиёт.