Дар ин бора Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар наздикии маҳаллаи ССГ Томдибулоқ, байни километрҳои 167–168-уми роҳ рух додааст.
Тибқи иттилоъ, ронандаи 39-солаи автобуси тамғаи «Zhong Tong», ки дар хатсайри «Зарафшон–Навоӣ» ҳаракат мекард, Ш.Х. (бо собиқаи 17-солаи ронандагӣ), идораи воситаи нақлиётро аз даст додааст. Дар натиҷа автобус ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст.
Бино ба маълумоти пешакӣ, дар дохили автобус 47 мусофир қарор доштанд.
Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ду мусофир аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Нӯҳ нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба муассисаҳои тиббӣ интиқол дода шуданд.
Айни ҳол Раёсати корҳои дохилии вилояти Навоӣ оид ба ин ҳодиса санҷиши пешакӣ мегузаронад.
«Барои муайян намудани тамоми ҳолатҳои воқеа, расонидани кӯмаки зарурӣ ба осебдидагон ва аъзои оилаҳои онҳо, инчунин додани баҳои ҳуқуқӣ ба оқибатҳои вазнин чораҳо андешида мешаванд», — омадааст дар хабар.