Чораҳо оид ба рушди экотуризм дар низоми кӯлҳои Айдар-Арнасой андешида хоҳанд шуд

    Ҳукумат 8 Noyabr 2021 4614

    Сарвари давлат 8 ноябр оид ба масъалаҳои ҳифзи суботи экологӣ ва рушди экотуризм дар системаи кӯлҳои Айдар-Арнасой ҷаласа баргузор кард.

    Ин масъалаҳоро Шавкат Мирзиёев зимни вохӯриҳои пешазинтихоботӣ дар вилоятҳои Навоӣ ва Ҷиззах матраҳ карда буд. Дар маҷлиси ҳозира нақшаҳои дақиқ ва натиҷаҳои пешбинишуда баррасӣ шуданд.

    Таъкид гардид, ки барои рушди туризми экологӣ дар минтақа, пеш аз ҳама, таъмини устувории захираҳои об ва ҳифзи гуногунии биологӣ зарур аст. Ба масъалаи дар атрофи кӯлҳо барпо намудани минтақаҳои нави туристӣ ва курортҳо диққати махсус дода шуд. Дар баробари ин зарурати рушди моҳипарварӣ бо истифодаи васеи имкониятҳои системаи Айдар-Арнасой нишон дода шуд.

    Ҳоло дар кӯлҳо ҳамагӣ 4 ҳазор тонна моҳӣ сайд карда мешавад. Бо фароҳам овардани шароит ва кори мунтазам ин ҳаҷм метавонад то ба 20 ҳазор тонна расонида, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад. Вобаста ба ин, доир ба ҷалби соҳибкорон, ба иҷора додани кӯлҳо ва истеҳсоли моҳӣ бо усули кластер супоришҳо дода шуданд.

    Зарурати зиёд намудани теъдоди чунин лоиҳаҳо, додани қарз ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо таъкид гардид.

    Супориш дода шуд, ки барномаи беҳтар намудани вазъияти экологии системаи кӯлҳои Айдар-Арнасой қабул карда шавад. Дар доираи он барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи об ва паст кардани шурбандии кӯлҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Дар майдони 800 гектар соҳил дарахту бутта шинонда мешавад.

    Масъалаҳои мустаҳкам кардани бехатарии экологӣ, пешгирии шикори ғайриқонунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҳудуди системаи кӯл низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates