Дар фазои ҳавоии ин кишвар ҳавопаймои сарвари давлати моро ҷангандаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Урдун ҳамроҳӣ карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Малика Алия Президенти Ӯзбекистон ва ҳамсари ӯро Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ва Малика Рония ал-Абдуллоҳ, инчунин шоҳзода Ғозӣ ибни Муҳаммад ва ҳамсари ӯ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олимақом қаровули фахрӣ саф орост. Сарони давлатҳо бо аъзои ҳайатҳои расмӣ салому алейк карда, аз назди сафҳои қаровули фахрӣ гузаштанд.

Чорабиниҳои асосии сафар фардо, 24 ноябр баргузор мешаванд.