Дар посгоҳи гумрукии "Айритом" маҷмӯъҳои рақамӣ ба кор даромаданд

    Ҳукумат 1 Iyun 2021 5711

    Президент Шавкат Мирзиёев аз посгоҳи гумрукии сарҳадии “Айритом” дар ноҳияи Тирмиз дидан кард.

    Посгоҳи мазкур ягона гузаргоҳи марзии Ӯзбекистон ва Афғонистон аст. Равобити тиҷоративу иқтисодӣ бо ин кишвар ва дар маҷмӯъ давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ босуръат рушд мекунанд. Ба ин муносибат дар посгоҳи гумрукӣ корҳои навсозӣ гузаронда шуд. Толорҳои назорати шиноснома ва гумрукӣ сохта шуданд.

    Сарвари давлат бо шароити дар ин маҷмӯъҳои нав фароҳам овардашуда шинос шуд.

    Посгоҳи гумрукӣ дар доираи барномаи "Ӯзбекистони рақамӣ-2030" бо навтарин технология муҷаҳҳаз карда шудааст. Ҳамин тариқ, маҷмӯи санҷиши Z-Portal бо функсияи скан кардани мошинҳо аз се тараф насб карда шуд. Ба туфайли сатҳи минималии радиатсияи сканеркунӣ аз мошин фаровардани ронанда талаб карда намешавад. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки дар як соат то 200 мошин аз назар гузаронида шавад. Дар посгоҳҳои дигари гумрукии кишвар қобилияти интиқол дар як соат 20 мошинро ташкил медиҳад. Умуман, постоҳи гумрукии сарҳадӣ метавонад дар як рӯз то ба 2 ҳазор мусофир хидмат расонад.

    -- Дар шароити кунунӣ, ин навоварии хуб аст. Аммо дунё соат ба соат тағйир меёбад. Вақти он расидааст, ки ба сатҳи дигар гузарем. Дар баробари маркази вазъиятӣ дар ин ҷо бояд як маркази таҳлилӣ низ бошад. Барои баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва пешгирии хатарҳо пешниҳодҳои нав лозиманд, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Хусусияти хоси посгоҳи "Айритом" дар он аст, ки он қодир аст дар як вақт ба қатораҳо, мошинҳо ва шаҳрвандон хидмат расонад. Бо мақсади суръат бахшидан ба раванди назоративу гузариш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои корбарон кор тибқи принсипи "як равзана" сурат мегирад. Барои таъмини амният низоми рақамии Adani ва Rapiscan ва видеоназоратӣ насб карда шуданд.

    Дар ин ҷо Президент ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ посух дод.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates