Ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон AZAL ба Самарқанд парвозҳо боз мекунад ва басомади парвозҳоро ба Тошканд зиёд менамояд

    Нақлиёт 20 Sentabr 2022 1518

    Дар ҳошияи иштироки Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар нишасти сарони СҲШ дар Самарқанд сатҳи нави шарикии стратегии Ӯзбекистону Озарбойҷон ва рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Озарбойҷон бори дигар ба намоиш дода шуд.

    Дар пасманзари фаъол гардидани равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ Ӯзбекистон ва Озарбойҷон низ барои густариши ҷуғрофиёи парвозҳо миёни кишварҳо фаъолона кор мекунанд.

    Ҳамин тариқ, аз аввали моҳи октябр Ширкати миллии ҳавоии Озарбойҷон AZAL тасмим гирифтааст, ки ба боз як шаҳри дигари Ӯзбекистон – Самарқанд парвоз анҷом диҳад, ки ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа амалӣ гардонда мешавад.

    Инчунин, "Роҳҳои ҳавоии Озарбойҷон" шумораи парвозҳоро, ки бинобар хатсайри "Боку –Тошканд – Боку" ҳафтае то панҷ маротиба анҷом дода мешавад, зиёд мегардонад.

    Дар ҳоли ҳозир парвозҳои доимӣ байни ду пойтахт рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе сурат гирифта, ба зудӣ рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе низ анҷом дода хоҳанд шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates