Дар ҷараёни суҳбат таъкид шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек, ки бар асоси эътимод, дастгирии тарафайн ва шарикии стратегӣ устувор шудаанд, таҳким меёбанд.
"Соли гузашта дар доираи сафари давлатӣ ба Душанбе созишномаҳои муҳиме дар самтҳои калидӣ ба даст омаданд ва имзои созишномаи муносибатҳои иттифоқӣ марҳилаи навро дар шарикии мо оғоз намуд. Мо итминон дорем, ки идомаи кори муштарак ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат намуда, барои халқҳои бародари мо дар соли 2025 комёбиҳои нав хоҳад овард," — қайд намуд вазир дар саҳифаи худ.