Президенти Белорус Президенти Ӯзбекистонро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихобот табрик кард

    Ҳукумат 25 Oktabr 2021 4087

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 октябр бо Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дод.

    Сарвари Белорус роҳбари Ӯзбекистонро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи президентии як рӯз қабл баргузоргардида самимона табрик гуфта, дар татбиқи нақшаҳои пешбинишуда комёбӣ, инчунин ба халқи дӯсти ӯзбек беҳбудӣ ва шукуфоӣ таманно намуд.

    Масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Рушди босуръати равобити тиҷоратӣ ва тавсеаи миқёси ҳамкории корхонаҳои пешрафта, тақвияти табодули фарҳангиву гуманитарӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

    Президентҳо ҷонибдори идомаи ҳамкории зич дар доираи созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё буданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates