Дар майдоне, ки бо парчамҳои давлатии Ӯзбекистон ва Белоруссия зинат ёфта буд, ба шарафи меҳмони олӣ қаровули фахрӣ саф орост.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев роҳбари Беларусро самимона табрик намуда, ба минбар даъват кард. Гимнҳои давлатии ҳар ду мамлакат навохта шуданд.
Сарони давлатҳо аз пеши сафи қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.
Пас аз аксгириҳои якҷоя гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ оғоз шуданд.