Дар ин бора дар матни изҳороти президент, ки Кохи Сафед интишор кардааст, гуфта мешавад.
Воридшавии шаҳрвандони Афғонистон, Гаити, Эрон, Яман, Либия, Мянма, Ҷумҳурии Конго, Сомалӣ, Судон, Чад, Гвинеяи Экваториалӣ ва Эритрея комилан манъ гардид. Маҳдудиятҳо 9 июн, рӯзи душанбе, аз соати 00:01 ба вақти шарқӣ эътибор пайдо мекунанд.
Илова бар ин, барои шаҳрвандони Бурунди, Венесуэла, Куба, Лаос, Серра-Леоне, Того ва Туркманистон қисман маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешаванд. Маҳдудиятҳо ба намудҳои муайяни раводид барои ҳар яке аз ин кишварҳо татбиқ мегарданд.
Раводидҳое, ки қабл аз эътибор пайдо кардани ин фармон дода шудаанд, эътибори худро нигоҳ медоранд, гуфта мешавад дар ҳуҷҷат. Дар ин бора tass.ru хабар додааст.