Хотираи таърихӣ пояи устувори ояндаи миллат аст. Хидматҳои бузурги Президенти аввалин Ислом Каримов дар ташаккули Ӯзбекистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва бунёди асосҳои давлатдорӣ бо эҳтиром ва эътирофи амиқ ёд карда мешаванд.
Бо ташаббус ва таваҷҷуҳи Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев хотираи Президенти нахустин ҷовидон гардонда шуд, дар Самарқанд мақбараи ӯ бунёд гардид. 30 январ таҷлил намудани рӯзи таваллуди Ислом Каримов ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Дар идомаи маросим Қуръон тиловат намуда, дуо хонда шуд. Фаъолияти Президенти аввалин дар роҳи манфиатҳои Ватан ва фазилатҳои инсонии ӯ бо эҳтиром ёдоварӣ гардид.
Дар маросим, ки дар маҷмааи ёдгории илмиву маърифатӣ ба номи Ислом Каримов доир гардид, намояндагони палатаҳои Олий Маҷлис, Маъмурияти Президент, ҳукумат, аҳли илму фан ва фарҳанг, вакилони ҷамъиятӣ иштирок карданд.
Ҳамчунин, дар пояи ҳайкалҳои Президенти аввалин дар шаҳрҳои Самарқанд ва Қаршӣ низ гул гузошта шуда, ба хотираи ӯ эҳтиром ба ҷо оварданд.