Ба хотираи Нахустин Президент эҳтиром зоҳир карда шуд

    Ҳукумат 2 Sentabr 2021 6501

    Мувофиқи қарори Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 сентябр дар мамлакатамон ҳамчун Рӯзи хотираи Ислолм Каримов ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз арҷ гузоштан ба хотираи Нахустин Президент ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

    Имрӯз сарвари давлатамон ба Маҷмӯи ёдгории илмию маърифатии ба номи Ислом Каримов ташриф овард. Вай дар пояи муҷассамаи Нахустин Президент гул гузошт ва хотираи ӯро гиромӣ дошт.

    Суръаҳо аз Қуръон қироат карда шуданд.

    Бо некӣ ёд кардани гузаштагон фазилати нек аст. Ҳар касе, ки хотираи гузаштагонро эҳтиром мекунад, худ сазовори эҳтиром аст.

    Дар маросими тантанавӣ бахшида ба 30-солагии истиқлолияти мамлакат, Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки Ислом Каримов истиқлолияти Ӯзбекистонро эълон намуда, ба давлат дар давраи мураккаб ва ноороми таърихи он роҳбарӣ кард.

    Ин маросим таҷассуми навбатии эҳтироми ҷомеаи мо ба Президенти Нахустин аст.

    Инчунин намояндагони Сенат ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Маъмурияти Президент, Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату идораҳо, инчунин ҷомеаи пойтахт ба пояи ёдгорӣ гулҳо гузоштанд.

    Маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаҳои Ислом Каримов дар Самарқанд ва Қаршӣ низ баргузор шуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates