Миллате, ки хотираи ниёгон ва фарзандони барҷастаи худро гиромӣ медорад, ҳамеша сазовори эҳтиром аст. Мутаассифона, дар таърихи мо ҳолатҳое буданд, ки пешвоёни миллатро дар айёми зиндагӣ ситоиш намуда, баъд аз марг бадном мекарданд.
Шавкат Мирзиёев аз рӯзи аввали фаъолияташ дар вазифаи президентӣ эълом дошт, ки корҳои неки Ислом Каримов идома хоҳад ёфт ва барои абадӣ гардонидани хотираи ӯ қарор қабул намуд. Мақбараи Нахустин Президент сохта шуд. Баргузории чорабиниҳои хотиравӣ дар зодрӯзи ӯ – 30 январ анъана шудааст.
Чӣ хеле ки Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ҳар қадаре ки мо ба шахсият ва хидматҳои Ислом Каримов арҷ гузорем, маънавиёти халқу ҷавононамон ҳамон қадар мустаҳкамтар мегардад.
Воқеаи имрӯза таҷассуми ҳамин ҳақиқат гардид. Оятҳо аз Қуръон қироат карда шуд. Дар бораи корнамоиҳои Ислом Каримов баҳри нафъ ва манфиатҳои халқи мо, хислатҳои баланди инсонии ӯ – мардонагӣ, адолат ва хоксорӣ сухан ронданд.
Дар маросим намояндагони палатаҳои Олий Маҷлис, Маъмурияти Президент ва ҳукумат, арбобони илм ва фарҳанг, вакилони зиёиён ва ҷомеа иштирок карданд.
Ба ёдгории Ислом Каримов дар Самарқанд ва Қаршӣ гулҳо гузошта шуданд.