Анҷумани тиҷоратӣ дар Алмаато таваҷҷуҳи тарафайни соҳибкорони Ӯзбекистону Қазоқистонро ба густариши ҳамкорӣ нишон дод

    Тиҷорат 20 Sentabr 2022 1096

    Дар Алмаато анҷумани тиҷоратии  «Ӯзбекистон ва Қазоқистон. Шарикони тиҷорӣ», ки бо мусоидати консулгарии генералии кишварамон дар Алмаато ташкил шудааст, баргузор гардид.

    Дар ин ҳамоиш ҳайати соҳибкорони Ӯзбекистон, ки ба ҳайати он беш аз 50 корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти содиротӣ – нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ, чармӣ, дорусозӣ, атриёт, молҳои рӯзгор, мебел ва ғайра шомиланд, ширкат варзиданд. Ҳайати Узбакистонро раиси Шӯрои соҳибкорӣ ва саноатии "UZBIC" Анвар Абдуқаюмов раҳбарӣ мекард.

    Дар ифтитоҳи форум доир ба рушди кунунии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон ва Қазоқистон, дурнамои афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони қазоқистонӣ маълумот дода шуд.

    Иштирокчиён ҳавасмандии худро ба рушди ҳамкорӣ қайд намуда, механизмҳои ҳамкориро ҳангоми бастани қарордодҳои содироту воридотӣ, ки иштироки миёнаравҳои гуногунро истисно мекунад, баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар доираи форуми тиҷоратӣ вохӯриҳои B2B байни ҷонибҳои манфиатдор бо мақсади расидан ба имзои қарордодҳои қатъӣ баргузор гардиданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates