Дар Бӯстонлиқ шумораи сайёҳон 12 маротиба зиёд шуд

    Президент Шавкат Мирзиёев ба ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои созанда шинос шуд.

    Муҳаррики асосии рушди ин минтақаи зебоманзари кӯҳӣ, бешубҳа, сайёҳӣ мебошад. Дар солҳои охир инфрасохтор беҳтар гардида, барои дар тамоми фаслҳои сол истироҳат кардан шароит фароҳам оварда шудааст. Марказҳои рекреатсионӣ, солимгардонӣ, лижатозӣ ва дигар навъҳои комплексҳо, инчунин корхонаҳои хӯроки умум сохта шуданд. Санаторияҳо ва лагерҳои кӯдакона таъмир ва навсозӣ гардиданд.

    Аз ҷумла, панҷ сол пеш дар ноҳия 26 объект бо ҷамъ 2 240 ҷойи истироҳат мавҷуд буд. Дар ин давра ба рушди соҳаи сайёҳӣ зиёда аз 2 триллион сӯм сармоягузорӣ карда шуд, ки ин имконият фароҳам овард 59 объекти бузурги сайёҳӣ бо зиёда аз 13 ҳазор ҷой бунёд карда шавад. Роҳи асосии автомобилгард таъмир ва роҳҳои иловагӣ сохта шуданд.

    Дар натиҷа, сайёҳӣ дар минтақа бо суръати баланд рушд мекунад: шумораи сайёҳон 12 маротиба зиёд шуд. Агар панҷ сол пеш ба Бӯстонлиқ 850 ҳазор нафар дар як сол омада бошанд, пас танҳо дар 11 моҳи соли ҷорӣ 12 миллион нафар ба ин ҷо ташриф оварданд.

    Сарвари давлат бо лоиҳаҳои нав шинос шуд.

    Дар соҳили дарёи Чирчиқ сохтмони маҷмааи сайёҳии «Дарвозаи Чорвоқ» идома дорад. Дар майдони тақрибан 25 гектар 16 бинои баландошёна, 3 меҳмонхона, 2 супермаркет, инчунин зиёда аз 60 объекти хидматрасонии маишӣ, қаҳвахона ва ресторанҳо, идораи бонк, аквапарк, фаввораи мусиқавӣ ва таваққуфгоҳ бунёд карда мешавад. Дар болои биноҳо панелҳои офтобӣ насб карда шуда, болои дарё купруки шишагӣ сохта мешавад.

    Маҷмаа метавонад дар як рӯз зиёда аз 5 ҳазор меҳмон қабул кунад. Бо дарназардошти талаботи мавсимӣ, дар ин ҷо 2,5 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда мешавад.

    Президент оид ба васеъ гардондани доираи хидматрасониҳо, рушди сайёҳии фаъол ва тарҳрезии маҷмааҳои ба ин монанд дар дигар ноҳияҳо супориш дод. Ба масъалаҳои экология ва ташкили минтақаҳои сабз дар маҷмаа таваҷҷуҳи махсус дода шуд.


    No date selected
    January 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates